ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Беш аз 75%-и додугирифт миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё бо пули миллӣ сурат мегирад, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
Ӯ зимни ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва давлатҳои нозир бар аҳамияти гузариш ба истифодаи пулҳои миллӣ таъкид намуд.
Раисҷумҳури Русия аз ҷумла изҳор дошт, ки додугирифт бо пули миллӣ бо кишварҳое низ роҳандозӣ гардид, ки амалан шарики боэътимод будани худро нишон доданд.
Ин дар ҳолест, ахиран Русия ва Эрон ҳам созиш кардаанд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.
Инчунин феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифода аз пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.
Русия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.
Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.