Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои ҶХД ва ҶХЛ 220 минтақаи аҳолинишинро озод карданд

Дар феҳрасти маҳаллаҳои озодкардаи нерӯҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск, аз ҷумла Лимани сурх ном бурда шуд, аз нигоҳи логистикӣ муҳим арзёбӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Нерӯҳои ҷумҳуриҳои Донетску Луганск бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия назорати комил бар 220 маҳаллаи истиқоматиро таъмин карданд, изҳор дошт ситоди мудофиаи ҳудудии ҶХД.
Дар феҳрасти минтақаҳои озодшуда, аз ҷумла Лимани Сурх мебошад, ки аз нигоҳи логистикӣ хеле муҳим мебошад, хабар дода шудааст дар саҳифаи "Telegram"-и ситод.
Таъкид шудааст, ки Лимани Сурх калонтарин нуктаи убури роҳҳои оҳан мебошад, ки ба Крамоторск дохил мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ барои ҳимояи Донбас нерӯҳои Русия ҳамчунин вилояти Херсон ва қисмати соҳилии Азови вилояти Запорожеро озод карданд.
Дар минтақаҳо мудириятҳои ҳарбӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шуданд, пахши шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Русия оғоз шуд, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Херсону Запороже ба кодҳои телефонии Русия мегузаранд
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Раисҷумҳури Русия онро ҳадафи инро "ҳифозати мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд" номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.