ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Расидани бемории обилаи маймун то Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро наметавон пурра истисно кард, изҳор дошт Надежда Кобилянская, табиби эпидемиологи дараҷаи аввали беморхонаи вилоятии Раменское дар Маскав.
"Истисно наметавон кард, аммо мешавад, аз паҳншавии он пешгирӣ намуд", - изҳор дошт табиб дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли расидани вирус ба Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон.
Вай дар зимни зикри манбаи паҳншавии ин беморӣ аз сайёҳон ном бурд, ки аз кишварҳои африқоӣ дидан мекунанду метавонанд олудаи барангезандаи беморӣ шаванд.
"Ҳамчунин афроде, ки аз он тарафҳо ҳайвоноти нодир меоранд, ҳам метавонанд сарчашмаи паҳншавии беморӣ гарданд", - изҳор дошт табиб.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, феълан дар кишвар ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав - обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта нашудааст.
Сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ахиран дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин беморӣ нав набуда, онро дар забони тоҷикӣ обчакони ҳамдуна меноманд.
"Мо вазъияти ҷаҳонро бодиққат назорат карда, масъаларо меомӯзем. Ин беморӣ нав нест. Тоҷикон онро обчакони ҳамдуна мегӯянд", - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ҳодисаҳои гирифтории одамон ба ин бемории нав дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Бритониёи Кабир, Шветсия, Итолиё, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд ва аксари ин кишварҳо чораҳои амниятиро дар ин росто ҷорӣ кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин росто вобаста ба вазъи эпидемиологӣ амал хоҳанд кард, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад. Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад. Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.