Сарҳанг аз хатари сар задани низоъ барои кишварҳои СПАД гуфт

Дар Ереван мушкилот ва чолишҳои мубрами Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ дар пасманзари буҳрони ҷаҳонии сиёсию иқтисодӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Дар даври тамоми марзҳои кишварҳои узви СПАД потенсиалҳои мунозиа меафзоянд.
Дар ин бора муовини сардори Раёсати сиёсати дифои Вазорати дифои Арманистон, сарҳанг Эдуард Еритсян дар конфронси байналмилалии "Имрӯз ва ояндаи СПАД: ба хотири 30-солагии Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД" иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, раёсати Арманистон дар ниҳодҳои оинномавии СПАД дар давраи таназзули фаъоли вазъи низомиву сиёсӣ дар ҷаҳон мегузарад. Маҳз аз ҳамин сабаб аст, ки яке аз авлавиятҳои асосии мамлакат амиқтар кардани ҳамоҳангии сиёсати берунӣ ва ёрии ҳамдигарӣ мебошад.
Сухан дар бораи зарурати таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда дар робита ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ меравад, ки ба манфиатҳои кишварҳои узви СПАД дахл доранд. Вай муттаҳидӣ, қатъият ва ваҳдатро, ки давлатҳои муттаҳид дар робита ба вазъи Қазоқистон дар ҷараёни амалиёти посдори сулҳ дар моҳи январ нишон доданд, мусбат арзёбӣ кард.
Вай изҳори бовар кард, ки ҳамин гуна ягонагӣ бояд нисбат ба ҳар як давлати дигари аъзои созмон зоҳир карда шавад.

"Мо шоҳиди он шуда истодаем, ки шиддат дар минтақаи масъулияти СПАД коҳиш наёфтааст ва кишварҳои узви ин созмон бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ ҳастанд. Бовар дорам, ки бо шарофати принсипи вайроннашавандаи "як кас барои ҳама ва ҳама барои як кас" ин ҳамаро паси сар кардан мумкин аст", - зикр намуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол сиёсатшинос ва арбоби ҷамъиятии маъруфи Беларус Алексей Дзермант, ки дар конфронс низ ширкат дошт, қайд кард, дар муқоиса бо блоки НАТО дар СПАД то ҷое ҳамраъйӣ ва "интизоми блок" вуҷуд надорад.
Зас омодагии СПАД-ро барои посух ба таҳдидоти ношӣ аз густариши НАТО эълон кард
Вай аҳамияти ҳамкории зич бо созмонҳои ғайридавлатиро барои табодули иттилоот ва таҳлилӣ таъкид кард, ки ба сохторҳои СПАД имкон медиҳад, ки дар бораи равандҳои дар ҷаҳон ҷараёндошта тасаввуроти беҳтар пайдо кунанд.
Потенсиали қобили мулоҳизаи СПАД-ро Николай Силаев, ходими калони илмии Маркази мушкилоти Қафқоз низ зикр кард.
"Мо дар миёни бузургтарин буҳрони байналмилалӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дорем. Ва ба назари ман, худи идомаи фаъолияти СПАД, ҳифзи ин созмон, фаъолият дар чунин шароит аз иқтидори бузурги созмони мазкур шаҳодат медиҳад", - афзуд Силаев.
Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ тамринҳои муштараки СПАД дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор мешаванд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва ҳамоҳангсозии сохторҳои низомии давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.