Қаллобиҳо дар Душанбе: сокинон пули хона доданду соҳиби манзил нашуданд

Ду нафар ба пулис шикоят кардаанд, ки ба ивази ваъдаи хона маблағу мошини ҳангуфт ба ду сокини пойтахт додаанд, аммо бо гузашти вақти зиёд на хона гирифтанду на маблағашонро
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе қаллобии ду мард ошкор шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохила.
Ба иттилои манбаъ, ба шуъбаи вазорати мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст.
Номбурда ба кормандони милитсия аз болои як марди 34-сола, сокини ноӽияи Рӯдакӣ шикоят намудааст, ки даст ба фиреби ӯ задааст.
Ба шикояти корафтода, мард ӯро ваъда кардааст, ки аз бинои сохтмони нотамом, воқеъ дар шаӽри Душанбе 4 хонаҳои истиқоматӣ гирифта медиӽад ва дар ивазаш аз ӯ 67 ӽазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондааст.
Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе
Манбаъ меафзояд, бо гузашти вақт сокини пойтахт на соҳиби хона шудаву на маблағи додаашро бозпас гирифтааст.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ низ бо ҳамин ҳалат марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст.
Ин сокини Кӯшониён гуфтааст, ки санаи 14-уми сентябри соли 2020, марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”-ро, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, нархгузорӣ карда гирифта, ваъда кардааст, ки аз бинои навбунёд воқеъ дар шаҳри Душанбе ба ӯ як 3-хонагӣ гирифта медиҳад.
Аммо бо гузашти 2 сол ин сокини Кӯшониён на соҳиби хона шудасту на мошинро баргардондааст.
Ҳоло кормандони милитсия ин ҳодисаҳоро тафтиш мекунанд ва назари муттаҳамон дар робита ба ин қазия норӯшан аст.