Ноҷӯшонда нанӯшед! Ҳушдор аз тирашавии об дар Душанбе

Ба сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон нӯшидани оби хоми ноҷӯшида барои муҳлати муайян тавсия дода намешавад, зеро он метавонад музир бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД "Обу корези Душанбе" корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки корҳои безараргардонӣ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ тавассути об аз соати 22:00-и 26 май то соати 02:00-и 27 май гузаронида мешаванд.
Мақомот шарҳ медиҳанд, ки тирагии об дар ин давра аз ҳисоби истифодаи аз меъёр зиёди гипохлориди натрий ба миён меояд.

"Аз ин лиҳоз шаҳрвандон бояд дар вақтҳои зикршуда аз истифодаи оби ноҷӯшида худдорӣ намоянд", - ҳушдор додаанд мақомот.

Манбаъ афзуда, ки бемориҳои сироятӣ метавонад бинобар сабаби боронҳои зиёди рӯзҳои охир паҳн шаванд.
Оби дар "Баҳри тоҷик" захирашударо ба Ӯзбекистону Қазоқистон интиқол медиҳанд
Ва дар ин росто, КВД "Обу корези Душанбе" бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии тавассути об сирояткунанда дар истгоҳҳои обтаъминкунии корхона корҳои безараргардонӣ мегузаронад.
Ҳушдори КҲФ ба тоҷикистониён: борону жола мебораду сел меояд