ДУШАНБЕ, 26 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи оянда ҳавои номусоид ва боронҳои шадид пешгӯӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди сел ва жола меборад.
"Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22 м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш низ пешгӯӣ шудааст", - афзуд манбаъ.
Дамои ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа коҳиш меёбад. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селро низ пешбинӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 27-28 майи эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳиро низ тавсия намедиҳанд.
Ин ниҳод ҳамзамон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Ҳамзамон сокинонро зарур аст, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.