ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Гардиши савдои миёни Тоҷикистону Русия дар давоми чор моҳи соли 2022 476,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додаааст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 49% бештар аст.
Дар ин бора зимни мулоқоти намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербурги Русия гуфта шудааст.
Дар ин дидор сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ ва ҳайати соҳибкорони Санкт-Петербург таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии ҳукумати Санкт-Петербург Арби Абубакаров ширкат кардаанд.
Шарифӣ гуфтааст, ки Русия шарики асосии тиҷоратию иқтисодӣ ва стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин дар ин мулоқот тарафҳо лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Дар баробари ин масъалаи бо истифода аз долонҳои сабз таъмин намудани меваю сабзавот, инчунин дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани марказҳои тақсимоти яклухтро муҳокима намудаанд.
Ҷонибҳо дар ин дидор омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баёншуда иброз доштаанд.