Далели нисбатан оҳиста пеш рафтани амалиёти низомӣ дар Донбасс талошҳо барои ҳифзи инфрасохтор ва шаҳрвандон мебошад.
Ин нуктаро Денис Пушилин, роҳбари ҶМД зимни суҳбат бо хабарнигорон баён дошт.
"Чаро оҳистатар аз он, ки ҳама мехоҳанд, аз ҷумла мо? Чунки ин шаҳрҳои моянд, инфрасохтори мо ва аз ҳама муҳим шаҳрвандони мо мебошанд, ки дар бораи бехатарии онҳо бояд фикр кард", - изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи Пушилин, маҳз бо чунин боварҳо амалиёти низомӣ барои озодсозии Донбасс ҷараён гирифта истодааст.
Вай афзуд, ки дар Луганск осонтару зудтар буд, чун деҳотҷой асту барои ҳариф истодагарӣ дар минтақаи кушод мушкил буд.
"Баръакси ҳолро дар шаҳрҳо, минтақаҳои саноатӣ метавон дид, ки аз ҷумла дар шаҳри Мариупол дучори он шудем", - гуфт роҳбари ҶМД.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия гуфт, амалиёти низомӣ дар Украина сарфи назар аз кумакҳои Ғарб ва таҳримҳо то амалӣ шудани ҳадафҳои гузошташуда идома хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом натиҷаи тахриби низоми амнияти ҷаҳон аз сӯйи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ мебошад.
Дар мавриди рафти амалиёт Шойгу изҳор дошт, ки нерӯҳои Русия бар хилофи нерӯҳои Украина зерсохтҳои мулкиро ҳадаф қарор намедиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, инфрасохторе, ки он ҷо метавонад шаҳрвандони мулкӣ бошанд, ҳадафи зарба қарор дода намешаванд ва ин омил ба суръати амалиёт таъсир мегузорад.