Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад

Тоҷикистониёнро тобистони гарми тоқатфарсо интизор аст. Ба гуфтаи ҳавосанҷон, гармӣ дар моҳи аввали ин фасл аллакай аз меъёри иқлимӣ боло меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки моҳи аввали тобистон дар Тоҷикистон ҳарорат муътадил буда, дар миёна ва охирҳои ин моҳ баландшавии он дар дар назар аст.
Парвина Саидҷамолова, муовини сардори ин ниҳод дар суҳбат бо "Ховар" гуфтааст, ки дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.
Дар ин моҳ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар гармтар пешгӯӣ мешавад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Тибқи маълумоти хонум Саидҷамолова, дар ин ҷойҳо ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 25-30 ва дар доманкӯҳҳо 22-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳона тибқи меъёр муқаррарӣ буда, 25-30 дараҷа гармӣ дар назар аст, афзудааст манбаъ.
Ҳавосанҷон гармои даҳаи аввали моҳи июнрло шабона 4-19 ва рӯзона аз 27-32 ва то 32-37 дараҷа пешбинӣ кардаанд.
"Дар миёнаи моҳ болоравии ҳарорат дар назар дошта шуда, шабона 20-25 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад. Миқдори бориш бошад, ҳудуди меъёри иқлимӣ (6,2 мм)-ро ташкил хоҳад дод", - гуфтааст мавсуф.