Беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар рақобатҳои мунтахаби кишвар дар Ҷоми Осиё бозӣ намекунад

Яке аз беҳтарин ва гаронарзиштарин бозигарони тими милии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ширкат нахоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Нимҳимоятгари дастаи миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки дар бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад, ҷароҳат бардоштааст.
Ӯ ба ин далел дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат карда наметавонад, хабар медиҳад, Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Ҷалилов 23 май дар бозии сафарии Суперлигаи Ӯзбекистон-2022 бо дастаи "Динамо"-и Самарқанд (2:1) осеби ҷисмонӣ бардоштааст.
Ба гуфтаи табиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, муҳлати барқароршавии вазъи саломатии бозигар яку ним моҳро ташкил медиҳад.
Беҳтарин бозигари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рафт: капитан Ҷалилов "Истиқлол"-ро тарк кард
Ёдовар мешавем, Алишер Ҷалилов, ки аз беҳтарин ҷавонони футболбози ояндадори тоҷик унвон мешавад, дар оғози соил ҷорӣ аз тими "Истиқлол" ба дастаи АГМК-и Ӯзбекистон пайваст.
Гуфта мешуд, ки футболбоз бо барандаи медали биринҷии Чемпионати Ӯзбекистон-2021, бошгоҳи футболи АГМК (Олмалиқ) шартномаи дусола баст.
Маврид ба зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои мавсими футболи солҳои 2019 ва 2021, Алишер Ҷалилов беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф гардид.
Қаблан портали машҳури варзишии олмонии "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигарон ва тимҳои миллии кишварҳои гуногунро номбар карда буд, ки тибқи нишондоди он, Ҷалилов 600 ҳазор евро баҳогузорӣ мешуд.
Ин нишондиҳандаи аз ҳама боло дар Тоҷикистон буд.