ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Масъулони идораи беҳдоштии Суғд, молу маҳсулоти мусодирашударо бесифату кӯҳна дониста, истифодаи онро барои саломатӣ хатарнок эълон карданд.
Камол Зоидбоев, мудири шуъбаи гигенаи хӯрока Маркази назорати санитарию эпидемилогии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, таҳқиқу ташхиси беш аз 300 кило маҳсулоти мусодирашуда маълум намудааст, ки онҳо ба меъёрҳои беҳдоштӣ мувофиқат намекунанд.
"Молу маҳсулотҳои ғизоӣ асосан шириниҳо буданд, ки кӯҳна шуда буданд. Онҳо аз сӯйи мақомоти назоратӣ аз фурӯшгоҳҳои шаҳру навоҳии Суғд мусодира гардида, бинобар ҳамин сабаб дирӯз дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд сӯзонида шуданд”, - гуфт Зоидбоев.
Бино ба гуфтаи ӯ, аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз беш аз 2,5 тонна маводи ғизоӣ ва шустушӯии бесифат, муҳлати истифодаашон гузашта мусодира ва дар партовгоҳ сӯзонида шудааст. Ҳаҷми маводи нобудшуда беш аз 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Камол Зоидбоев аз харидорон даъват намуд, ки дар вақти харидани маҳсулот ба муҳлати истеъмоли он назар кунанд.
Инчунин вай ба ширкатҳои воридкунандаи маҳсулот ва фурӯшандаҳо низ ишора намуда гуфт, ки ҷиҳати ҳифзи саломатии сокинон андеша кунанд ва аз ворид намудани ҳар гуна маҳсулоти пастсифат ва фурӯши он худдорӣ намоянд.