ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Русияро зарур аст, ки сиёсати хориҷияшро таҳлил кунаду ба кишварҳои шӯравии собиқ, ба минтақаҳое рӯй орад, ки он ҷо интизораш мебошанд.
Ин нуқтаро Константин Косачев, ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия зимни анҷумани гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" таҳти унвони "Маънии нав, воқеияти тоза" баён дошт.
"Мо зоҳиран маҷбурем, аз он Аврупои ягона, ки якҷоя сохтем, биравем ва ин тақсимот муддати тӯлонӣ боқӣ мемонад", - изҳор дошт ин сиёсатмадор.
Вай таъкид намуд, ки Русия бояд дар қаламрави шӯравии собиқ, кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бамаротиб фаъолтар шавад.
Дар мавриди иқтисод узви парлумон муҳим хонд, ки бояд хулосаҳо бароварда шаванд, чун барномаи воридотивазкунанда пурра иҷро нашудааст ва зарур аст, ки "ба по хезем".
"Дар масоили гуманитарӣ бояд дар мадди аввал нодир будани кишвари мо аз нуқтаи назари этникӣ, мазҳабӣ ва сохтори маъмурӣ гузошта шавад", - илова намуд ӯ.
Косачев қаблан навишта буд, ки Русия мутваҷҷеҳ шуд, дар ҳоле ки посух ба суоле дар мавриди чигунагии ҷаҳону ҷойгоҳи ФР меҷуст. Вай таърихи ду даҳсолаи охирро марҳилаи дарки масъулияти Русия дар воқеияти ҷадид баъди таслими Аврупои Шарқӣ ва бархе кишварҳои шӯравии пешин пеши Ғарб хонд.