Исмоилиёни Тоҷикистон 27-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд

Шоҳзода Карим Алҳусайнӣ нахустин бор аз Тоҷикистон дар соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиён 24-уми майро ҳамчун Рӯзи нур ё дидор ҷашн мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон, ки шуморашон бештар аз 200 ҳазор кас арзёбӣ мегардад, имрӯз 27-умин солгарди нахустин дидор бо шоҳзода Карим Оқохонро ҷашн мегиранд.
Шоҳзода Карим Алҳусайнӣ, ки дар замони шуравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Рӯзи нур ё дидор ҷашн мегиранд.
Аввалин дидори имом дар чор минтақаи Бадахшон - Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Мурғоб сурат гирифт. Пайравони зиёди Оқохони IV ӯро ботантана пешвоз гирифтанд ва қариб тамоми мардуми минтақа дар мулоқоташ иштирок доштанд.
Дар ҷашни дидор маъмулан дар сатҳи маҳаллу хонаводаҳо барномаҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.
Бунёди Оқохон нақшаи кори даҳсолаашро таҳия дорад: раиси Суғд хостори сармоягузорӣ шуд
Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камубеш 20 миллион кас аз мазҳаби исмоилия пайравӣ мекунад. Онҳо дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ мекунанд.
Яке аз бузургтарин ҷамоатҳои исмоилии ҷаҳон (камубеш 150 ҳазор нафар) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.
Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари Донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.