Косачев: Англосаксонҳо барои нобудсозии ҳиндуҳо аз яроқи биологӣ истифода карданд

Муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия мегӯяд, англосаксонҳо зимни нобудсозии ҳиндуҳо силоҳи биологӣ истифода кардаанд ва ин бузургтарин наслкушӣ буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Англосаксонҳо ҳангоми наскушии ҳиндуҳо аз яроқи биологӣ истифода мекарданд ва бритониёиҳо ба онҳо кӯрпаҳои олудаи вабо доданд.
Дар ин бора ноиби раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи парламентии оид ба тафтиши фаъолияти озмоишгоҳҳои биологии ИМА дар Украина Константин Косачев гуфт.

"Бузургтарин наслкушӣ ҳангоми нобуд кардани 15 миллион ҳинду сурат гирифт", - гуфт сенатор дар ҳамоиши "Маънии нав, воқеияти тоза" дар хабаргузории "Россия сегодня".

Ба гуфтаи ӯ, "англисҳо ба ҳиндуҳо кӯрпаҳои олуда ба ваборо додаанд".
Сенатор қайд кард, ки дар асл ин "истифодаи яроқи биологӣ буд".
Фадеев: консепсияи ҳуқуқи башар сокинони Донбассро ҳимоя намекунад
Ҳамоиши байалмилалии "Маънии нав, воқеияти тоза" рӯзи 24 май дар Маскав бо иштироки намояндагони Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия, блогнависону фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳамчунин роҳбарону хабарнигорони ВАО-и марказӣ баргузор гардид.
Созмондиҳандаи форум медиа-гурӯҳи "Россия сегодня" мебошад.
Мушкилоти шадидтарини замони мо, аз қабили мубориза бо миллатгароён, ҷангҳои иттилоотӣ, стандартҳои дугона дар заминаи ҳуқуқи инсон, ростиозмоӣ ва зарурати муқовимат бо таҳрифҳои таърихӣ аз мавзуъҳои аслии ин нишаст мебошанд.
Дар доираи форум ҳамчунин дар маркази матбуотӣ намоишгоҳи аксҳои "Ҳаёти нав. Оғоз" кушода шуд. Он бар пояи аксҳои аксбардорони "Россия сегодня" дар бораи минтақаҳое, ки пас аз амалиёти вижаи Русия озод шудаанд, созмондеҳӣ шудааст.