"Пора ба раис”: чӣ гуна мактаби “Меҳроб-2016” ронанда тайёр мекунад?

Мудири ин мактаб барои додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба корафтодаҳо беш аз 1000 сомонӣ талаб кардааст. Се сол қабл бунёдгузори ин мактаб низ дастгир шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод аз боздошти директори мактаби ронандагии “Меҳроб-2016” хабар медиҳад, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мудири мактаби мазкур бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ даст задааст.

"Боздоштшуда бо суистифодаи ваколати идоравӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо дар ду ҳолат маблағи 10 000 сомониро барои гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” талаб карда гирифтааст", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Дар ин хусус нисбати Мирзоев М.Б. бо моддаи 295, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, нисбати дастгиршуда бо моддаи 295, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда ба боздоштшуда, аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Боздошти як корманди Кумитаи замин: Оҷонсӣ гуфт, ки ӯ чӣ кор кард
Ёдовар мешавем, ки оҷонсӣ соли 2016 Мирзоев Муродалӣ Бердиевич таъсисдиҳандаи ҶДММ “Меҳроб-2016”-ро дастгир када буд. Мақомот ӯро он замон дар чандин ҳолати гирифтани пора айбдор карда, алайҳаш бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ – қаллобӣ ва моддаи 279 – ришвагирии тиҷорӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд.
Феълан назари худи айбдоршаванда ва қарори додгоҳ дар ин бора маълум нест.
Ин дар ҳолест, низоми ронандатайёркунӣ дар Тоҷикистон аз бахшҳои фасодзада арзёбӣ мешавад, ки порахӯрӣ дар он ба таври густурда паҳн шудааст.