ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.
Бино ба гузориши сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.
Ба иттилои манбаъ, мард вақте ҳамсари дар дарё ғарқшудааш мебинад, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ғарқ мешавад.
"Ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурданд", - афзуд манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ дар такя ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд аз пайдо кардани ҷасади як сокини 18-сола дар рӯди Сир хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ҷавони ғарқшуда истиқоматкунандаи деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич мебошад, ки рӯзи 20-уми май ғарқ шуда буд.
Ҷасади марҳумро ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷот пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби ғарқ шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест ва ҷараёни ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад.