Фазои ҳавоии Украина, ки пур аз мавҷҳои электромагнитию таҳти назорати ҳавопаймоҳои истихборотӣ, радарҳои заминӣ ва дастгоҳҳои кайҳонии НАТО мебошад, майдони сазовори набарду муқовимати технологӣ барои ҳавопаймоҳои низомии насли 5-уми Русия - "Су-57" аст.
"Терминатори ҳавоӣ"-и "Су-57" беш аз ду моҳ дар амалиёти вижаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Украина супоришҳои ҷангиро иҷро мекунад. Он як ҷангандаи пинҳонӣ барои ба даст овардани бартарии ҳавоӣ тарҳрезӣ шуда барои нест кардани ҳама гуна ҳадафҳои ҳавоӣ, заминӣ ва рӯизаминӣ пешбинӣ мебошад. Ҳавопаймо тақрибан барои радару ҳавопаймоҳои истихборотии НАТО, ки ҳарими ҳавоии Украинаро 24 соат дар як шабонарӯз назорат мекунанд, амалан ноаён аст.
Маҷмуаи аслиҳаи "Су-57" аз 15 навъи навтарин мушакҳои муосири ҳаво ба ҳаво ва ҳаво ба замин, аз ҷумла мушакҳои болдори зидди киштиҳо ба масофаи то 250 км ва мофавқуссавти "Кинжал" то 1500 км иборат мебошад.
Ин ҷанганда қодир аст, ки то 10 тонна лавозимоти ҷангиро бо суръати мофавқуссавти то 2400 км/соат бикашад. Қобилияти истифодаи бисёрсамтии силоҳ, аз ҷумла мушакҳои дурпарвози дақиқ дорад, ки 5500 км-ро фаро мегирад.
Истифодаи ҷангандаи вазнини насли панҷуми Русия бар зидди қувваҳои мусаллаҳи Украина аз ҳад зиёд ба назар мерасад. Дақиқ аст, ки ғайринизомисозии Украина ҳадафи асосии "Су-57" нест ва ин ҳавопаймо ба ҳалли мушкилтарин вазифаҳо дар мубориза бо душмани технологӣ қодир аст.
"Су-30СМ" ва "Су-35" ҳавопаймоҳои асосии ҷангии нерӯҳои ҳавоии Русия дар амалиёти вижа дар Украина маҳсуб мешаванд. Бо вуҷуди ин "Су-57" барои муқовимат ба "чашму гӯши"-и НАТО, барои такмили тактика, зарбаҳои мушакии пинҳонӣ ва ҳамгироии ҷангӣ, дар асоси зеҳни сунъӣ бо ҳавопаймои бесарнишини вазнини С-70 "Охотник" самараноктар аст. Нерӯҳои кайҳонии Русия феълан маҷбуранд, ки ба муқовимати мустақим бо нерӯҳои ҳавоии эътилоф омода шаванд.
Якчанд моҳ боз хадамоти истихборотии Амрико дар бораи макон ва ҳаракати нерӯҳои Русия ба Ситоди кулли Украина маълумоти мустақим мефиристад ва ба низоми Киев бо силоҳу пул кумак мекунанд. Яъне онҳо табдили низоъи проксии НАТО бо Русия ба як даргирии мустақими низомиро метезонанд.
Бартарияти ҷангӣ
Ҳавопаймои "Су-57" қодир аст, ҳадафҳои ҳавоӣ ва заминиро дар масофаи то 400 километр муайян кунад, то 62 ҳадафро пайгирӣ кунад, 50 навъи аслиҳаро дар бар гирад ва тамоми ин аслиҳа дар ду қисмати дохилӣ ҷойгир мебошад.
Зарфияти баланди убури монеаҳо имкон медиҳад, ки тамосу ҳамкории боэътимод бо навъҳои гуногуни нерӯҳои мусаллаҳ таъмин бошад. Дар ҷанги эҳтимолӣ "Су-57" қодир аст, ки ҳавопаймоҳои "ноаён"-и амрикоии "F-22" ва "F-35"-ро ошкор ва нобуд созад.
Қаблан маҷаллаи "The Military Watch Magazine" дар бораи қобилиятҳои мушаки нави русии К-77-и навъи ҳаво ба ҳаво навишта буд, ки махсус барои "Су-57" сохта шудааст. Ба навиштаи нашрия, К-77, ки масофаи беш аз 190 километрро фаро мегирад, хеле хатарнок буда, аз беҳтарин мушаки амрикоии AIM-120D болотар аст.
Ин дастгоҳ дар баробари фарогирии масофаи дур ҳамчунин қобилияти хуби ҳаракатро доро буда, технологияи фаъоли роҳнамоии K-77-ро ҳатто дар масофаҳои дур хеле самаранок мегардонад. Низоми радарии мушак қобилияти нигоҳдории ҳадаф дар 360 дараҷаро дорад ва ҳеҷ як ҷангандаи душман гурехта наметавонад.
Сатҳи хурди таъсирбахши инъикоскунандаи "Су-57"-ро ба радарҳои душман ноаён мегардонад, чун маводи таркибӣ дар сатҳи ҳавопаймо 70% ва 25%-и вазнро ташкил медиҳанд. Радарҳо бо антеннаҳои фаъоли X-диапозон, ки дар баданаи ҳавопаймо насб шудаанд, имкон медиҳанд, халабон майдони бузургро таҳти назар гираду нисбат ба ҳама гуна ҷангандаҳои дигар самараноктар кор кунанд.
"Радарҳои паҳлуӣ" мустақилиятро дар ҷустуҷӯи ҳадафҳо афзоиш медиҳанд ва сатҳи сифатан нави ноаёнии "Су-57"-ро барои радарҳои душман эҷод мекунанду дар зимн самаранокию дақиқият барои мушакҳои худиро кам намекунанд.
Яке аз хусусиятҳои асосии ҷангандаи насли панҷуми Русия сатҳи бениҳоят зеҳнии баланди мошинист, ки имкон медиҳад коркарди иттилоот аз низомҳои назорат ва нишонгирӣ хуб ба роҳ монда шаваду ба халабон дар ҳалли вазифаҳои мураккабтарини ҷангӣ кумак расонад. Аз ҷумла сарбории ҷангиро ба халабон кам мекунаду имкон медиҳад, ки ӯ диққати худро ба иҷрои вазифаю ҳаракатҳои тактикӣ равона созад.
Зеҳни сунъӣ ба системаи назорати ҷангӣ чунон ворид карда шудааст, ки ҷангандаҳои "Су-57" қодиранд, 90% вазифаҳоро дар реҷаи автоматӣ иҷро карда, тибқи барномаи пешакӣ омодашуда комилан мустақил амал кунанд.
Дар ҳолати фарзии осеб дидан ё марги халабон дар ҷанг, низоми идоракунӣ ҳадафҳои афзалиятнокро мустақилона муайян мекунад, зарба мезанад ва сипас бозгашти автоматии мошин ва шахсро ба пойгоҳ таъмин месозад. Чунин қуллаҳои технологӣ барои ҷангандаҳои насли панҷуми амрикоии "F-22 Raptor" дастрас нестанд.
Муҳаррикҳои ҳавопаймо низ бартарии мутлақи ҷангиро таъмин мекунанд, қувват ва вектори сеченакии кашиш имкон медиҳанд, ки дар набардҳои дуру наздик ҳаракатҳои арзишманд анҷом дода шаванд. Хадамоти фурудгоҳӣ низ барои ин ҳавопаймоҳо осон аст ва метавонанд дар фурудгоҳҳои оперативӣ парвозу нишаст анҷом диҳанд. "Су-57"-ҳои тавоно ва аз ҷиҳати технологӣ пешгӯинашаванда дар вазъияти ҷангӣ ба душман ҳеч шонсе боқӣ намегузоранд.
Бартарият худ ҳадаф нест
Таҷрибаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи муосир нишон медиҳанд, ки алгоритми асосии зӯргӯии Ғарб назорати миқдорӣ ва сифатии ҳаво мебошад. Нерӯҳои ҳавоии пурқуввати Русия барои муқобила бо сиёсати беандешонаи хориҷии Иёлоти Муттаҳида ва НАТО заруранд. Бартарии ҷангии ҷангандаҳои "Су-57" барои амнияти миллӣ, пешрафти технологӣ дар соҳаи авиатсия ва нигоҳ доштани мавқеи пешсафи Русия дар бозори ҷаҳонии аслиҳа муҳим аст.
Ҳавопаймоҳои таҷрибавии "Су-57" дар соли 2018 дар ҳайати нерӯҳои Русия дар Сурия самаранок кор карда, барои санҷиши хусусиятҳои техникӣ, маҷмааи иттилоотию назоратӣ, аслиҳаи мушакӣ ва системаҳои борти зиёда аз даҳ парвоз анҷом доданд.
Нерӯҳои Русия моҳи декабри соли 2020 аввалин ҷангандаи силсилавии насли панҷуми "Су-57"-ро гирифтанд. Нақшаи истеҳсоли солонаи ин ҳавопаймо 15 ададро ташкил медиҳад. Бахши саноат фармоиши Вазорати мудофиаи Русияро дар бораи 76 ҳавопаймо - се полки ҳавоӣ то соли 2027 иҷро хоҳад кард.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.