Баҳси мубориза бо таҳдидҳо дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва дабири СҲШ

Дабири нави Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки аз аввали соли равон ба фаъолият дар ин мақом оғоз кард, бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Чжан Мин, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Чжан Мин бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад.
Манбаъ афзуд, ки зимни мулоқот бо Сироҷиддин Муҳриддин масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи давлатҳои узви СҲШ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Махсусан таҳкими равобит дар заминаи муқовимат ба чолишу таҳдидҳо ва густариши равобити байналмилалии созмон таъкид гардидаст.

"Ҷонибҳо доир ба фаъолияти муштараки давлатҳои "оилаи СҲШ" дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷиноятҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Дар ин замина аҳамияти иқдомоти лозим ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон барои таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе зикр гардид.
Муҳриддин ба дабири кулли навтаъйини СҲШ дар иҷрои рисолаташ комёбӣ таманно намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидати ҳамаҷониба дар ин ҷода зикр намуд.
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
Маврид ба зикр аст, ки Чжан Мин ба фаъолият дар мақоми дабири СҲШ аз аввали соли равон оғоз карда, дар ин вазифа Владимир Норов, намояндаи Ӯзбекистонро иваз намуд. Мақомдорони СҲШ барои се сол таъйин мегарданд.
СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.