ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан қатъ шудааст.
Дар ин бора дар дафтари матбуотии филиали ширкати IRS, ки ба ин ҷода хидмат мерасонад, хабар доданд.
Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт бо омадани сел ва рехтани сангрезӣ алоқаманд аст.
Пештар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд боридани борони шадид ва раъду барқ дар назар аст. Ин ниҳод боришоти жоларо низ пешгӯӣ карда буд.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон тӯфони ғуборолуд идома дорад. Суръати шамол дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои нимаабрӣ дар назар аст, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона дар шарқи ин вилоят каме барф меборад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки то 23 май хатари фаромадани сел, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор, аз ҷумла Яхсу, Қизилсу (ҷануб), Вахш, Зарафшон ва Исфара ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.