ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ рӯзи 22 май дар шаҳри Хоруғ кушта шуд.
Дар хабари оҷонсӣ омаадааст, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло "бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ" рӯй додааст.
Дар хабари расмӣ ӯро "саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ" номидаанд.
Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.
Исми Маҳмадбоқир ахиран дар робита бо эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи парвандаи мақомоти ҳифзи қонун зикр гардид.
Рӯзи 17 май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ номи ӯ дар қатори чанд нафари дигар зикр гардид, ки гӯё эътирозҳои 16 май -ро дар Хоруғ созмон доданд.
Аз ин пеш, моҳи феврал алайҳи ӯ бо айбномаи "истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Мақомот аз Маҳмадбоқир талаб намуданд, ки худро таслим кунад. Вале ӯ ба такрор исрор меварзид, ки гунаҳкор нест ва ба давлату ҳукумат хиёнате накардааст.
Дар ВМКБ Маҳмадбоқир миёни дигар роҳбарони ғайрирасмӣ нуфузи бештар дошт.