Вазири хориҷаи Италия “ҷангҳои ғизоӣ”-ро пешгӯӣ кард

Вазири умури хориҷии Италия дар суҳбат бо рӯзномаи машҳури итолиёӣ "La Stampa" дар бораи хавфи ҷангҳои ғизоӣ дар ҷаҳон пешгӯӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Луиҷӣ Ди Майо, вазири умури хориҷии Италия дар мусоҳиба бо рӯзномаи "La Stampa" ҳушдор дод, ки агар мушкилоти содироти ғаллаи аз Украина боқӣ монад, ҷаҳон ба "ҷангҳои ғизоӣ" рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
"Тамоми таҳқиқоте, ки анҷом дода шудааст, нишон медиҳад, ки танҳо як роҳи рафъи норасоии гандум ва ғалладона вуҷуд дорад: эҷоди долонҳои муҳофизатӣ, ки имкон медиҳад гандумро тавассути баҳр аз Украина берун оварда шавад. Роҳҳои заминӣ хеле душвор аст. Айни ҳол, мо на ба бӯҳрони оддии ғизоӣ, балки бо ҷанги ғизоӣ, ки оқибатҳои бебаҳо дорад, рӯ ба рӯ хоҳем шуд", - гуфт Ди Майо.
Русия ва Украина якчоя то 30 дарсади гандуму ҷав, то 20 дарсади ҷуворимакка ва қариб 75 дарсади равғани офтобпарастро ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин мекунанд.
Зеленский шумори сарбозон дар артиши Украинаро ифшо кард
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримотӣ алайҳи Маскавро афзоиш доданд. Тадбирҳои маҳдудкунанда асосан ба бахши бонкӣ ва соҳаи маҳсулоти технологияҳои баланд таъсир расониданд. Дар баробари ин, ба далели вайрон шудани занҷирҳои таъминот, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ба якбора боло рафтани нархи ғалла рӯбарӯ шуданд.
Ҳамин тариқ, дар моҳи март нархи гандум дар биржаи Чикаго боло рафт, ки дар тӯли 14 сол мушоҳида нашуда буд.
Ҷанги иқтисодӣ алайҳи Русия ва маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла баста шудани пардохтҳои асъорӣ ва қабул накардани бандарҳои аврупоӣ киштиҳои Русия, инчунин минагузории баҳри Сиёҳ аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Украина бандарҳо, ба ин таъминот тахдид мекунанд.
Дар шароити феълӣ ба Русия ва шариконаш, гуруснагӣ таҳдид намекунад.
Пештар ёвари раисиҷумҳури Русия Максим Орешкин гуфта буд, ки ҷаҳон метавонад дар тирамоҳ ба гуруснагии саросарӣ мувоҷеҳ шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин вазъ чизи асосӣ ин аст, ки Русия аз он осеб набинад ва бо ғизо таъмин боҳшад. Вай афзуд, ҳоло мақомот имкони эҷоди захираҳои заруриро доранд.
Амрико силоҳи махфии Русия дар дохили НАТО-ро гуфт
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.