Дар Тоҷикистон нархи орд боз гарон шуд

Дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон боз ҳам болоравии нархи орд ба қайд гирифта шуд. Ин бор на танҳо нархи орди воридотӣ – навъи олӣ, балки орди худӣ низ боло рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи як ҳафта ҳам нархи орди воридотӣ ва ҳам орди тавлиди дохилӣ боло рафт.
Ҳоло як халтаи 50-килоии орди навъи якуми қазоқӣ то 20 сомонӣ гарон шудааст.
Ҳанӯз 14-уми май ин миқдор орд ба қимати 380 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло дар бозорҳо нархи он ба 400 сомонӣ расидааст.
Нархи орди тоҷикӣ бо ҳамин вазн аз 375 то 380 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби гароншавии дигарбораи орд ҳанӯз рӯшан нест, зеро қаблан сабаби асосиро тағйирёбии қурби асъори хориҷӣ ва содироту воридот гуфта буданд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулот таҳти назорати давлат гирифта шудааст, аммо сарфи назар аз санҷишҳо арзиши маҳсулоти ғизоӣ тамоюли афзоиширо нишон медиҳад.
Дар Суғд кишти шолиро зиёд мекунанд. Нархи ош арзон мешавад?
Дар ҳамин ҳол маълум аст, ки Тоҷикистон дар соли 2022 воридоти орд ва гандумро мутаносибан 41% ва 7,6% коҳиш додааст. Кишвар 11,1 ҳазор тонна орд ва қариб 202,8 ҳазор тонна гандум ворид кардааст.
Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орд ва гандум дар бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон 20 % боло рафт: сабаб дар чист
Ёдовар мешавем, ки орди гандумӣ яке аз маҳсулоти аслии ғизоии хонаводаҳои тоҷик аст. Дар Тоҷикистон нону кулча ба таври анъанавӣ ба миқдори зиёд пухта ва истеъмол мешаванд.