"Ҳушдори лазерӣ"-и Русия ба ИМА ва НАТО

Маскав аз хатари афзоиши ҷанги ниёбатии ИМА ва муттаҳидонаш, эҳтимоли нобуд кардани таҷҳизоти электронии иктишофӣ ёдовар шуд
Sputnik
Истифодаи лазерҳои ҷангии Русия дар як амалиёти вижа дар Украина натиҷаи табиии кумаки ҳарбии афзоянда ва харобиовари кишварҳои НАТО ба режими лӯхтаки Киев аст, мегӯяд коршиноси низомии Sputnik Александр Хроленко.
Бо пахши иттилоъ дар бораи истифода аз системаҳои лазерии насли нав Маскав аз хатари афзоиши ҷанги ниёбатии Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он, имкони нобудсозии фаврии таҷҳизоти гаронбаҳои радиоэлектронӣ ва оптикии истихборот дар ҳаво ва кайҳон, бахусус моҳвораи Пентагон ёдовар шуд.
Муовини нахуствазири Ҳукумати Русия Юрий Борисов рӯзи 18 май дар бораи истифода аз системаи лазерии насли нави ҷангии “Задира” хабар дод, ки қодир аст, як ҳавопаймои бесарнишини душманро дар масофаи 5 километр дар панҷ сония нобуд кунад (сӯзонд). Ин аввалин изҳорот дар ҷаҳон дар бораи истифодаи муваффақи силоҳи лазерӣ дар вазъияти ҷангӣ мебошад.
Шойгу гуфт, ҳар нақлиёти НАТО бо силоҳ барои Украина метавонад ҳадафи зарба бошад
Муовини нахуствазир қайд кард, ки “Задира” "амалан ба таври силсилаӣ" истеҳсол мешавад ва системаҳои гуногуни лазерӣ дар артиши Русия ба истифода дода мешаванд; системахое, ки ба принцисҳои нави физикӣ асос ёфтаанд. Мавзуъ хеле пӯшида аст ва аммо Юрий Борисов дар бораи қудрати комплекси "Пересвет", ки имкон медиҳад, ҳама системаҳои моҳвораи истихборотии душман дар баландии то 1500 километр аз Замин бо набзи лазерӣ хомӯш карда шаванд, иттилоъ дод.
Борисов аз ин пеш сирри пойгоҳи электрикии комплексиро фош карда буд: "Олимони атомии мо қувваи заруриро барои нест кардани яроқи душман қариб дар як сонияро аз худ кардаанд". Тахмин меравад, ки "назари оптикӣ"-и дақиқи баланд барои лазери "Пересвет" телескопи сайёри СМ-890 фароҳам кардааст, ки дар бюрои конструктории махсуси муҳандисӣ сохта шудааст.
"Пересвет"-и сайёр, ки соли 2017 ба истифода дода шуда буд, аз 1 декабри соли 2018 дар хидмати ҷангӣ қарор дорад. Дар охири соли 2019 сардори Ситоди генералии Русия Валерий Герасимов дар мулоқот бо дипломатҳои низомии хориҷӣ қайд кард, ки вазифаи ҷангии маҷмаи лазерӣ "дар мавзеъҳои системаҳои мушакии заминии сайёр таҳти пӯшиши қарор додани амалиёти манёврии онҳо" мебошад.
Илова ба системаи дифои ҳавоӣ дар баҳори соли 2020 “Пересвет” аз озмоишҳо дар Сурия бомуваффақият гузашт. Ва аммо Юрий Борисов рӯзи 18 май ин силоҳи баландтехнологиро "дирӯз" арзёбӣ кард. Фақат тахмин кардан мумкин аст, ки маҷмуаҳои Русия кадом бартариҳо дар соҳаи мудофиа ва амниятро дар асоси "принсипҳои нави физикӣ" имрӯзу фардо қоил мешаванд.

“Задира”-и пурасрор

Навтарин системаи лазерии “Задира” тавлид шуда, ба нерӯҳои низомӣ расонида мешавад ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар масофаи 5000 метр месӯзонд. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки он маҳсули мутаҳарриқ ва ҷамъу ҷӯр буда, диққати душман (НМУ ва НАТО)-ро дар суфуфи пеш ҷалб намекунад.
Ҳамчунин маълум аст, ки Вазорати дифои Русия дар тобистони соли 2017 дар Маркази федералии ҳастаии Русия барои таҳияи маҷмуаи ҷангии “Задира-16” дар асоси принсипҳои нави физикӣ дастур додааст. Яъне рушд бо роҳи алтернативӣ барои “Пересвет” сурат мегирад.
Потенсиал ва тактикаи истифодаи ҷангии силоҳҳои навтарин сирре дорои ҳафт муҳр аст. Бо вуҷуди ин таҷҳизи болои нерӯҳои баҳрӣ ва нерӯи душмани эҳтимолӣ бо мушакҳои болдор ва ҳавопаймоҳои “стелс” ва "бародарон"-и он на танҳо барои нест кардани ҳавопаймоҳои бесарнишин офарида шудаанд, балки бурди ҳаддиаксарии онҳо беш аз 5000 метр нест.
Олмониҳо талаб доранд, ки Шолтс интиқоли аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Идғоми маҷмуаҳои лазерӣ бо киштиҳои авиатсионӣ ва баҳрӣ мантиқӣ менамояд. Тибқи иттилои Вазорати дифои Федератсияи Русия, вариантҳои муҷаҳҳаз кардани ҳавопаймоҳои стратегӣ, тактикӣ ва артиш бо системаҳои лазерӣ - муҳофизат аз осеби мушакҳои замин ба ҳаво ва ҳаво ба ҳаво бо оптика таҳия карда мешавад.
Силоҳҳои лазерии Русия имрӯз дорои қобилиятҳои васеъ мебошанд ва фардо онҳо бояд пурқувваттар ва тавонотар шаванд. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан таъкид карда буд:
"Мавҷудияти ин гуна системаҳои ҷангӣ тавонмандиҳои Русия, аз ҷумла, дар заминаи таъмини амнияти онро чанд баробар афзоиш медиҳад".
Аҳамият диҳед, ки Иёлоти Муттаҳида ва НАТО чунин комплекс надоранд. Амрикоиҳо даҳсолаҳо бо лоиҳаҳои лазерии ҷангии баҳрӣ ва ҳавоӣ машғул буданд, аммо ба натиҷаҳои барои истеҳсоли оммавӣ зарурӣ ноил нашуданд.
Кохи сафед аз таъмини режими лӯхтаки Киев ба режими лӯхтакчаҳои қаблан ваъдашуда бо системаҳои мушакии чандпарвози M270 MLRS ва M142 HIMARS, ки масофаи бурдашон то 300 километрро ташкил медиҳад, худдорӣ мекунад, зеро гӯё аз истифодаи онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия ва тамдиди муноқиша метарсад. Дар тӯли ду моҳи охир ИМА анборҳои иттифоқчиёнро кофтуков кард ва ба таври махфӣ (тавассути кишварҳои Аврупои Шарқӣ) ба Украина мушакандози чандгонаи куҳнаи замони шӯравӣ дод.
Амрикоиҳо танҳо аз афзоиши аз ҳад зиёди ҷанги ниёбатӣ дар Аврупо ва ҳамлаи ҷавобии технологӣ ба қаламрави ИМА ва НАТО, ҳамчунин ба системаи моҳвораҳое, ки ба Пентагон маълумоти истихборотӣ ва ҷиҳатёбӣ мефиристанд, метарсад. Ҳатто муҳокимаи кумаки низомӣ ба режими Киев дар ҳаҷми 40 миллиард доллар дар Конгресс тарси интиқомҳои тоқатнопазирро ба вуҷуд меорад.
Ман бовар дорам, ки Вашингтон ва Брюссел ҳушдори технологӣ ва лазерии Русияро дар қаламрави Украина дуруст фаҳмиданд. Амалиёти махсуси низомии Федератсияи Русия мунтазам инкишоф ёфта, вазифаҳои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иҷро мешавад. Хама гуна монеа қатъан бартараф мешавад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.