Ба Гутерриш паёми Лукашенкоро расонданд

Дабири кулли СММ қаблан хостори дастрасии комил ва бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонии нуриҳои Белорус ва Русия шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Намояндаи доимии Беларус дар СММ Валентин Рибаков бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ мулоқот кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Беларус.
Ин ниҳод бо нашри хабари мулоқоти Рибаков бо Гутерриш зикр намудааст, ки намояндаи Беларус ба дабири кулл паёми Александр Лукашенкоро расондааст.
Маълум нест, ки дар паём Лукашенко ба Гутерриш чӣ навиштааст.
"Ҷониби Беларус паёми шахсии раисҷумҳур Александр Лукашенкоро ба раҳбари ин созмон супоридааст", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ афзуда, ҷонибҳо масъалаҳои амнияти озуқавории байналмилалиро дар заминаи ташаннуҷи геополитикӣ ва фишори таҳримӣ баррасӣ карданд.
Гутерриш қаблан хостори дастрасии комил ва бидуни мамониат ба бозорҳои ҷаҳонии нуриҳои Беларус ва Русия шуда буд.
Гутерриш ба зуд анҷом ёфтани низоъ дар Украина бовар надорад
Вай ҳамчунин аз мақомоти Русия хост, ки ба хуруҷи бори ғалла халал нарасонанд ва дар посух ваъдаи кумак дар сабук кардани маҳдудиятҳои таҳримӣ алайҳи нуриҳои тавлиди Беларус ва Русия кард.
Ҷониби Туркия низ омодагии худро барои ширкат дар ин созишномаҳо эълом дошт. Анкара ҳатто омодааст, ки вазифаи дарёфт ва безараргардонии минаҳои баҳрӣ ва идоракунии киштиҳоро ба дӯш гирад.
Дабири кулли созмон аллакай дар ин бора бо Русия, Украина ва дигар кишварҳо як силсила музокирот анҷом додааст.