Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас бо Чжан Минг, раиси Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқот ва рушди ин созмонро мусбат арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дабири кулли СПАД Станислав Зас гуфт, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба таҳкими шарикӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай умедвор аст.
Зимни мулоқот бо Чжан Минг, раиси Созмони Ҳамкории Шанхай қайд кард, ки СПАД рушди ин созмонро аз наздик пайгирӣ мекунад.
"Қудрати СҲШ ба принсипҳои хеле солиме, ки дар замони таъсиси он гузошта шуда буданд: риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтиром ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҳамдигар, бунёди фазои ягона ва ягонаи амниятӣ вобаста аст", - гуфт Зас.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18 май дар Маскав нишасти котибони кулли СПАД ва СҲШ баргузор шуд. Мавзуъҳои аслии музокирот мубориза бо терроризм, ҳифзи амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат мекунанд.
СПАД дар масири тавсеаи қудрат
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 ба имзо расида, дар соли 2002 тасмим гирифта шуд, ки он ба созмони байналмилалӣ - СПАД табдил дода шавад. Дар ҳоли ҳозир шаш давлат: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон дар он ширкат мекунанд.