ВУХ: Русия ҳеҷ гоҳ касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст

Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия ахиран эълон кардааст, ки Русия ҳеҷ гоҳ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ касеро таҳдид накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки Амрико ба хотири тарсонидани аҳолии худ Русияро ба эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар Украина айбдор мекунанд.
Ба гуфтаи вай, Русия ҳеҷ гоҳ ба касеро бо истифода аз силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс "кишвари мо ҳамеша аз пеш гирифтани чунин иқдоми бемасъулият ҳушдор медиҳад, аммо ин барои ИМА ин кофӣ нест".
"Бо муттаҳам кардани Русия, ки гӯё Маскав дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода мекунад, амрикоиҳо як қатор ҳадафҳои худро пайгирӣ мекунанд, аммо яке аз онҳо барои мо рӯшан аст – ин тарсонидани аҳолии худ мебошад", - навиштааст Захарова дар "Telegram-канал"-и худ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Терминатор" дар Украина: Русия пурқувваттарин силоҳро дар амалиёти вижа истифода кард
Ба гуфтаи хонум Захарово, Русия "ҳеҷ гоҳ на танҳо касеро ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс пайваста ба тамоми кишварҳо аз ин бемасъулиятӣ ҳушдор медиҳад, ки Вашингтон онро қабул надорад”.
Дипломати рус ҳамчунин афзуд, Иёлоти Муттаҳида талош дорад, сохтакориҳое эҷод кунад, ки гӯё вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид мекунад.
"Ин кор нашуд. Фейкҳо зуд ошкор карда шуданд", - таъкид кард хонум Захарова.