ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуд.
Дар изҳорот ҳамчунин аз роҳбарону сарпаростони ин гурӯҳ гуфта шудааст.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекарданд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки як гурӯҳи дигар таҳти роҳбарии Ёдгор Ғуломҳайдаров, Қулмаҳмад Паллаев ва Паҳлавон Шералиев дар мавзеи Вамардара, ки аз маркази ноҳияи Рӯшон дар баландии 350-400 метр ҷойгир аст, 6 мавқеи ҷангӣ ташкил намуданд.
Манбаъ меафзояд, ки ин гурӯҳ гӯё қасд дошт, бо истифодаи аз гранатамёти РПГ 7В, пулемёти "Калашников", автомати Калашников ва норинҷакҳои ҷангӣ ба қатораи автомашинаҳои хидматчиёни низомӣ ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом диҳанд.
Илова бар ин, тибқи маълумоти вазорат, ин гурӯҳ бояд бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, пости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иншооти маъмурии сохторҳои давлатӣ ва шоҳроҳи асосиро мавриди ҳамла қарор медод.
Вазорат дар изҳороташ таъйид намуд, ки рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудаанд.
Дар хабари вазорат теъдоди кушташудагон аз ҷониби ғайринизомиҳо ҳамоно 8 нафар арзёбӣ мешавад, ҳарчанд дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз 21 кушташуда гузориш мешавад.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.