Ҳуснуллин: Русия тамоми минтақаҳои озодшудаи Украинаро барқарор мекунад

Муовини сарвазири Русия гуфт, тамоми роҳҳои минтақаҳои озодшудаи Украина, ки онҳоро бо Русия мепайвандад, ба тартиб оварда шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Русия тамоми минтақаҳои озодшудаи Украинаро барқарор хоҳад кард, мегӯяд Марат Ҳуснуллин, мувини сарвазири ин кишвар.
Муовини раиси Ҳукумати Русия, ки бо як сафари корӣ дар Мелитопол қарор дорад, гуфт, феълан ҳаҷми маблағҳои зарурӣ ҳисобида мешавад.

"Мо ҳоло арзёбӣ карда истодаем ва ман ҳоло омода нестам, ки онҳоро номбар кунам. Аммо ҳамаи қарорҳое, ки мо минтақаҳои озодшударо маблағгузорӣ мекунем, қабул шудааст", - гуфт Ҳуснуллин ба хабарнигорон.

Қарор аст, тамоми роҳҳо дар минтақаҳои озодшудаи Украина, ки онҳоро бо Русия мепайвандад, ба тартиб оварда шаванд.
Муовини сарвазир ҳамчунин дурнамои ҳамгироии вилояти Запорож бо Русияро хуб арзёбӣ кард.
"Ман бовар дорам, ки дурнамои минтақа ин кор кардан дар оилаи тифоқи рус аст. Ба ин хотир ман омадам, то кумаки бештар расонам", - таъкид намуд Ҳуснуллин.
Володин гуфт, гунаҳгорони асосии буҳрони ҷаҳонӣ киҳоянд
Ӯ қайд намуд, ки ба рушди истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва саноати Запорож дастгирии бештар равона мешавад.
Муовини раиси ҳукумат қайд кард, ки нерӯгоҳи барқи атомии Запорож "ба манфиати Русия кор хоҳад кард", аммо омодааст, дар сурати пардохт шудани воридот ба Украина нерӯи барқ ​​расонад.
"Нерӯи барқ ​​як коло аст, ки онро дар анбор нигоҳ доштан мумкин нест. Аз ин рӯ агар системаи энергетикии Украина барои қабул ва пардохт омода бошад, мо кор мекунем", - гуфт Ҳуснуллин.