ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Чин дар сурати кӯшиши дахолати Амрико ба корҳои дохилияш барои ҳифзи манфиатҳои худ чораҳои қатъӣ мебинад.
Дар ин бора Ян Ҷечи, раиси дафтари Комиссияи умури хориҷии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин зимни як суҳбати телефонӣ бо мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан дар ин бора хабар дод.
"Вақтҳои охир Иёлоти Муттаҳида як қатор изҳорот ва кирдорҳои нодуруст содир мекунад, ки ба корҳои дохилии Чин дахолат карда, ба манфиатҳои он зарар мерасонад", - гуфт мавсуф.
Ба гуфтаи вай, Чин ба ин бо чораҳои шадид посух хоҳад дод.
Янг Ҷечи тавзеҳ дод, ки иқдомоти Иёлоти Муттаҳида метавонад ба оқибатҳои хатарнок оварда расонад.
Ин мақоми чинӣ аз тавофуқҳое, ки Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳурии Чин ва Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи равобити Пекину Вашингтон ҳосил шуда буд, ёдоварӣ кард ва гуфт, ҷониби Амрико бояд дар гуфтор ва аъмоли худ пайваста муҳтот бошад.
Ба гуфтаи вай, масъалаи Тайван муҳимтарин ва ҳассостарин мавзуъ дар равобити ду кишвар аст.
Ҷечи ҳушдор дод, ки агар Амрико "корти Тайван"-ро бозӣ кунад ва "бо роҳи нодуруст" идома диҳад, ин ба "вазъияти хатарнок" оварда мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои расмии Ҳукумати Чин ва музофоти Тайван соли 1949 қатъ карда шуданд. Ин баъд аз он руй дод, ки қӯшунҳои Гоминдан бо сардории Чан Кай-Ши, ки дар чанги шаҳрвандӣ бо Ҳизби коммунистии Чин мағлуб шуда буд, ба ҷазира кӯчиданд.
Баъдтар, танҳо дар охири солҳои 1980 робитаҳои тиҷоратӣ ва ғайрирасмии байни ҷазира ва Чин аз нав барқарор шуданд.