ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ширкати "Nordwind Airlines" барномаи парвоз аз Перм ба Душанберо эълон кард, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ширкат.
Ба гуфтаи ин ширкати ҳавопаймоӣ, парвозҳо дар хатсайри Перм - Душанбе - Перм аз 4 июн оғоз мешаванд.
Ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон рӯзҳои шанбе парвоз хоҳанд кард, аммо дар вебсайти фурудгоҳи Перм то ҳол ҷадвали дақиқи парвозҳо вуҷуд надорад.
Аммо дар баробари ин "Nordwind Airlines" аллакай фурӯши чиптаҳоро барои парвозҳо оғоз кардааст.
Дар вебсайти расмии ширкати ҳавопаймоӣ арзиши чиптаҳои яктарафа барои ин хатсайр аз 7 ҳазор рубл барои як нафар оғоз мешавад. Вақти сафар 3 соату 45 дақиқа хоҳад буд.
Қаблан маълум шуда буд, ки "Nordwind" дар охири моҳи май парвози навро байни Душанбе ва Қазон оғоз мекунад.
Парвозҳо дар масири зикршуда дар ду самт ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Парвози нахустин рӯзи 26 май дар назар аст.
Ҳавопаймоҳо аз Қазон соати 03:05 ба вақти маҳаллӣ парвоз мекунанд. Воридшавӣ ба Душанбе соати 08:30. Аммо парвози бозгашт соати 10:00 бо расидан ба Қазон дар соати 11:45 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия дар як қатор минтақаҳо низоми маҳдудияти парвозҳо ҷорӣ шудааст. Он ба фурудгоҳҳои Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленджик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростов, Симферопол ва Элиста дахл дорад.