ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Кормандони интизомии Тоҷикистон амалиёти вижаи безараргардонии ҷангҷӯёни мусаллаҳ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро анҷом доданд.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар дод.
"Амалиёти вижаи ниҳодҳои амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба анҷом расида, роҳҳои Рӯшон-Хоруғ ва Хоруғ-Қулма боз шуд" ”, - омадааст дар хабарнома.
Натоиҷи амалиёт ва изҳороти расмии мақомоти ҷумҳурӣ дар ҳоли ҳозир дастрас нест.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки "гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша" иборат аз 200 нафар дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд.
Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид.
"Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд", - омадааст дар иттилоия.
ВУД сокинони Рӯшонро дар он муттаҳам мекунад, ки бо истифода аз маводи оташафрӯзандаи "Коктейли Молотов" ба колоннаи автомашинаҳои хидматчиёни воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ ҳамла намуданд.
Бар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар аз хидматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, таъкид кардаст манбаъ.