ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар пайи тазоҳурот дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як тан ҳалок ва се нафари дигар захмӣ шудааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки 16-уми май, соати 18.30 дақиқа дар маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил шудааст.
Бино ба гузориши ВКД, соатҳои 20.40-и 16 май, ба хидматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои суди вилоят қарор доштаанд, ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта, норинҷаки дастӣ тарконида шудааст.
Дар натиҷаи ин амалҳо се корманди мақомоти қудратӣ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
"Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона яке аз тазоҳургарон захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти амалётҳо маводи махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои муайян кардани дигар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Нисбати саркардагони ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.