Муштзани тоҷик Шоира дар даври чорякниҳоӣ аз Парвин шикаст хӯрд

Ягона муштзани тоҷик, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта буд, шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс бенасиб монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бонуи муштзани тоҷик Шоира Зулқайнарова дар даври чаҳорякниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс аз муштзани Ҳиндустон — Парвин шикаст хӯрд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамин тавр бо ин шикаст Шоира аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.
Ногуфта намонад, ки муштзани тоҷик дар даври аввал бар намояндаи Кувейт Ҷ. Нура пирӯз гардида буд.
Дар даври ҳаштякфиналии Қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 63 кило бар намояндаи Курёи Ҷанубӣ Ҳаидун Ҷионг пирӯз шуда, ба чорякфинал роҳ ёфт буд.
Муштзани дигари тоҷик Руҳафзо Ҳақназарова, ки дар вазни 50 кило дар даври аввал ҳарифаш аз Боливияро шикаст дода буд, дар муҳорибаи дуюмаш аз намояндаи Колумбия Ингрит Лорена Викториа мағлуб шуд.
Пирӯзии аввали Шоира Зулқарнаева дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Истанбул ҳамчунин Сумайя Қосимова дар вазни 48 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни 57 кило намояндагӣ карданд, ки муваффақ нашуданд.
Сумайя Қосимова дар даври аввал аз тарафи Севда Асенова аз Булғория ва Миҷгона Самадова, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз тарафи Йу Тинг-Линг, намояндаи Тайпей мағлуб карда шуданд.
Ҳақназарова Қаҳрамонии ҷаҳонии боксро бо пирӯзӣ оғоз кард
Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи бокс миёни бонувон дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардида, то 21 май идома меёбад. Дар мусобиқа 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 11 вазн сурат мегирад ва фонди ҷоизавии он 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла барои ҷои 1-ум 100 ҳазор доллар, 2-юм 50 ҳазор доллар ва ду ҷои 3-юм 25 ҳазор доллар пешбинӣ гардидааст.