Рӯзномаи “Сабоҳ”: Афғонистон ба самти як ҷанги дохилии бузург меравад

Рӯзномаи “Daily Sabah” менависад, ки авзои ноороми кунунии Афғонистон, ин кишварро ба самти як ҷанги дохилии бузург мебарад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Шореҳи рӯзномаи “Сабоҳ” навиштааст, ки вазъи феълӣ дар Афғонистон кишварро ба ҷанги бузурги дохилӣ мебарад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Чунин вазъ метавонад барои кишварҳои ҳамсоя ва Туркия зарари ҷиддӣ расонад, менависад ин рӯзнома.
Рӯзномаи "Daily Sabah" ҳамчунин менависад, аз он ҷое, ки паштунҳо иддао мекунанд, аксарияти қавмианд ва толибон ба таври умда аз қавми паштун ҳастанд, ин гурӯҳ сиёсатҳои умумиро бар хилофи қонунҳои шариати исломӣ иҷро мекунанд ва ҳувияти паштунро дар як ҷомеаи мутанаввеъ таҳмил мекунанд.
Миллионҳо нафар дар Афғонистон бо гуруснагии шадид мувоҷеҳ мебошанд
Дар ин гузориш бо ишора ба расмият нашинохтани толибон аз сӯйи ҷаҳон омадааст, ки акунун толибон аз мусолиҳа дар ҳар як аз умури дохилии худ ба хотири ҳокимияти хориҷӣ худдорӣ карданд, ки ҳама инҳо боиси шуълавар шудани сиёсати ҳувиятӣ шудааст.
Ин рӯзнома афзуд, ки назар ба баҳсҳои гузашта мабнӣ бар тағйири рафтори толибон нисбат ба даври аввал ҳоли вазъи маҳдудиятҳо болои мардум, аз ҷумла омӯзиши занон, қонуни пӯшиш ва манъи кӯтоҳ кардани риши мардон хилофи онро собит кардааст.
Рӯзномаи туркӣ бо ишора ба сиёсатҳои Туркия дар қиболи толибон гуфтааст, ки ҳукуматҳои қудратманд, аз ҷумла Туркия, бояд толибонро маҷбур созанд, ки ҳукумати фарогир ташкил намоянд.