Боздошти як корманди Кумитаи замин: Оҷонсӣ гуфт, ки ӯ чӣ кор кард

Мақомот дар шимоли Тоҷикистон боз як корманди Кумитаи заминро дастгир кардаанд, ки ба истифода аз мақоми хидматияш муттаҳам мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуровро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияташ бо сӯистифода аз мақоми хидматӣ даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад, дастгиршуда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12700 сомониро талаб карда гирифтааст.
Оиди ин ҳолат нисбати Маҷидов Ҳасан Достиевич бо моддаи 247 қисми 3, банди “а”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Боздошти раиси ҷамоат дар ҷойи кораш: Оҷонсӣ гуфт, ӯ ба заминфурӯшӣ даст задааст
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаи 247, қисми 3, банди "а", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 54 то 67 ҳазор сомонӣ ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раҳбари Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро боздошт карда буд.
Оҷосӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.