Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов масъалаи барқарорсозии Афғонистонро баррасӣ карданд

Кишвардори Ӯзбекистон аз пешниҳоди баргузории Анҷумани байнипарлумонии "Осиёи Марказӣ - Русия" ба таври мунтазам ҷонибдорӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Халқ Маслиҳатии Миллии Генгеши Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлати Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Бинобар хабари ин ниҳод, Мирзиёев нахуст ҳамтои собиқи худро барои баргузор намудани чорабинии бузурги байналмилалӣ, ки 12-13 май дар Ишқобод сурат гирифт, табрик намуд.
Сухан дар бораи нахустин Анҷумани байнипарлумонии "Осиёи Марказӣ – Русия" меравад, ки дар он намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ширкат доштанд.
Ишқобод мизбони ҳамоиши занони Осиёи Марказӣ ва Русия мешавад
Дар идома котиботи президент таъкид намудааст, ки Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин вазъи феълии Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз ҳарчи зудтар барқарор шудани сулҳу оромӣ дар Афғонистон гуфтаанд ва ҷонибдори барқарор кардани соҳаи иқтисоди ин кишвар шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 12 -13 май бо ташаббуси президенти собиқи Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов ду форуми қонунгузорон ва занони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор шуд.