Русия барои таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон пул дод: парлумон пазируфт

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон расмиёти дохилидавлатӣ барои қабули кумаки молиявӣ аз Русияро анҷом дод, ки ба таҳкими ҳифзи марз равона шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Парлумони Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия дар бораи ҷудо намудани маблағ барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марз бо Афғонистонро қабул кард.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, овардааст, ки дар доираи ин созишнома Русия 1,1 млн долларро барои бунёди дидбонгоҳ ҷудо кардаст.
"Маблағи кумаки бебозгашти молиявӣ 1,1 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи давлатии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешбинӣ гардидааст", - изҳор доштаст вазир.
Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, бар асоси моддаи 1-и созишномаи мазкур муҳлати интиқоли маблағ то 31 декабри соли 2021 муқаррар шудааст, ки ин талабот аз сӯи Русия пурра таъмин гардид.
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
Зикр гардид, ки созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Руси барои сохт­мони дидбонгоҳи сарҳадӣ моҳи ноябри 2021 имзо гардида, охири апрели соли равон, аз сӯи ҳукумати ҶТ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шуд.
Вазири молия изҳор дошт, ки бо ҷонибдории парлумон расмиёти дохилидавлатӣ анҷом ёфтанд.
Гулбаҳор Назирӣ, вакили парлумони Тоҷикиистон, дар шарҳи зарурати созишнома таъкид намудаст, ки вазъи ҷаҳон ва минтақа водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти қувваҳои мусаллаҳи кишвар таваҷҷуҳи бештар дода шавад. Вай махсусан мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии сохторҳои қуд­ратии ҷумҳуриро муҳим хондаст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, ки қисми зиёди он аз минтақаҳои дорои шароити ҷуғрофии мураккаб мегузарад.