Ҷудокори навраси тоҷик дар Алмаато соҳиби Ҷоми Осиё шуд

Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон бо иштироки ҳудуди 500 ҷудокор дар шаҳри Алмаато идома дорад. Тоҷикистонро дар ин сабқат 13 паҳлавон намояндагӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Абубакр Шеров, ҷудокори ҷавони Тоҷикистон дар вазни то 66 кило соҳиби Ҷоми Осиё миёни ҷавонон ва наврасон шуд.
Шеров дар мусобиқаи Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон ба хотири Бакет Махмутов, ходими намоёни варзиши қазоқ, ҳамаи ҳарифонашро шикаст дод.
Дар даври ниҳоӣ паҳлавони тоҷик бо ҷудокори ӯзбекистонияш, Азизбек Ортиқов воридид майдон шуда, бо истифода аз усули осайикоми рақибро мағлуб кард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷамъбасти мусобиқаҳо барои Ҷоми Осиё дар Алмаато 15 май дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки 5 нафарашон наврас мебошанд.
Қабули қоидаҳои нав дар ҷудо: аз танзими мӯйи сару либос то тарзи ҳамла
Дар маҷмуъ дар мусобиқаи Ҷоми осиёии ҷудо ҷамъан 500 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд.
Қаблан чунин мусобиқа моҳи гузашта дар Тошканд сурат гирифт ва ҷудочиёни тоҷик соҳиби як медали нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд.
Медали нуқраро Иброҳим Элмуродов ба даст овард, ки ӯ дар вазни зиёда аз 100 кило баромад кард. Медалҳои биринҷиро Нуралӣ Эмомалӣ ( 66 кг) ва Масъуд Аҳмадзода (то 73 кг) ба даст оварданд.