ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Бар хабари манбаъ, сол то сол иштирокчиёни ин чорабинӣ майли афзуншавӣ доранд. Агар соли гузашта дар дави миллӣ 43 ҳазор нафар иштирок кард, имсол сафи онҳо ба 45 230 нафар расид.
Манбаъ меафзояд, аз ин миён 17 524 нафарашонро бонувон ташкил доданд.
Дар маҷмӯъ дар дави миллӣ 45 230 нафар, аз ҷумла 17 524 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ 1 320 нафар иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз деҳаи Чорбоғ оғоз гардида, то Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" -и Душанбе идома ёфт.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва масъулини дигар дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, зикр намудаанд, ки дави миллӣ бо ташаббуси раисиҷумҳури Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад.
Зикр гардид, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Ба иштирокдорони фаъоли ин чорабинӣ аз ҷониби кумитаи кор бо ҷавоно диплому ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.