Гузариш ба низоми ғайринақдӣ: шумори дорандагони кортҳои бонкӣ дар Тоҷикистон меафзояд

Муассисаҳои молии қарзии Тоҷикистон номгӯи хидматрасониҳои пардохтҳои ғайринақдӣ барои шаҳрвандони кишварро афзоиш медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон системаи пардохтҳои ғайринақдӣ бомуваффақият инкишоф меёбад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ хизматрасонии интернет-банкинг, бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ пешниҳод карда мешавад.
Айни замон 19 ташкилоти қарзии маҳаллӣ ба муомилот ва хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ машғуланд.
Шаҳрвандон бо ёрии кортҳои кредитӣ метавонанд маблағи молу хизматрасонӣ, аз ҷумла, хароҷоти коммуналӣ, алоқаи мобилӣ, интернет, пардохтҳои давлатӣ, андоз, баргардонидани қарз ва ғайраро пардохт кунанд.
Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки пули фурӯши тило куҷо рафт
То моҳи феврали соли 2022 дар Тоҷикистон барои хидматрасонӣ ба дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ қариб 1,5 ҳазор банкомат ва беш аз 5 ҳазор терминали электронӣ насб шудааст.
Чунин дастгоҳҳо дар навбати аввал дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин карда мешаванд.
Аз аввали соли 2022 бо истифода аз воситаҳои пардохти электронӣ 4,2 миллион амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 663,6 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аз рӯи адад 17 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми муомилот 57 фоиз зиёд мебошад.
Миқдори кортҳои пардохтии муомилот дар Тоҷикистон 3 миллиону 501 ҳазор ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,8 фоиз ё 554,9 ҳазор адад зиёд шудааст.
Ҳаҷми умумии муомилот бо кортҳои пардохтии бонкӣ 5,1 миллион сомониро ташкил дод, ки 19,3 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи ҳамёнҳои электронӣ тақрибан 4 миллион ададро ташкил дод ва нисбат ба соли қаблӣ 2 маротиба зиёд шуд.
Бонки миллии Тоҷикистон сирри устувории доллар ва тағйирёбии қурби рублро ошкор кард
Гуфта мешавад, ки дар чаҳорчӯби татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохти Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025 таҳияи стандарти ягонаи рамзи QR дар назар аст.
Ҳамкории мутақобилаи ҳамёнҳои электронии ҳамаи ташкилотҳои молиявии қарзӣ барои таъмини ҳамгироии байни системаҳои гуногуни пардохтии кишвар ба роҳ монда мешавад.
Ин ба харидорон имкон медиҳад, ки маблағи харидро тавассути ҳамёнҳои электронӣ сарфи назар аз бонки хидматрасон пардохт кунанд.
Бояд гуфт, ки аксари корҳо оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур ба анҷом расида, дар ояндаи наздик амалӣ карда мешаванд.