ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бино ба изҳороти кумитаи тадорукот дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Чин аз мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2023 даст кашид.
Мақомот сабаби инро ба вазъи мушкили эпидемиологии кишварро бар асари пандемияи коронавирус унвон мекунанд.
"Кумитаи ташкилии Чин, ки аз пандемия зарар дидааст, барояш ҳоло мушкил аст бар души худ масъулият бигирад ва Ҷоми Осиёро дар соли оянда ба таври комилан озод омода намояд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар даҳҳо шаҳрҳои Чин қисман ё пурра маҳдудиятҳо вуҷуд доранд ва дар бузургтарин шаҳри Чин Шанхай аз 28 апрел карантини комил эълон шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар як рӯз дар шаҳри бузург тақрибан 1,5 ҳазор сирояти COVID-19 сабт мешавад, ки 7 нафар мефавтанд, аммо мақомоти Чин сиёсати маҳдудияташро риоя мекунанд, аз ин рӯ чунин маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ карда мешаванд.
Қарор буд Ҷоми Осиё аз 16 июн то 16 июли соли 2023 дар Чин баргузор мешуд. Тибқи нақшаи созмондиҳандагон, бозиҳо дар варзишгоҳҳои 10 шаҳри кишвар, аз ҷумла Шанхай ва Пекин баргузор мешуданд. Макони нави баргузории мусобиқа метавонад Кореяи Ҷанубӣ шавад, аммо дар айни замон маълумоти расмӣ мавҷуд нест.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми футболи Осиё мусобиқаест, ки дар он дастаҳои мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ширкат мекунанд, ин мусобиқа дар чор сол як маротиба баргузор мешаванд.
Ҷоми Осиёи соли 2019 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Ҷом насиби дастаи Қатар шуд ва футболбозони Тоҷикистон дар чемпионат ширкат надоштанд: даста дар марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобӣ аз мақоми севум боло баромада натавонист.
Варзишгарони тоҷик дар соли 2022 дар сабқати Ҷоми Осиё ширкат карданд. Интизор меравад, ки дастаи Тоҷҷикистон аз 8 то 14 июн дар Бишкек дар гурӯҳи F бо тимҳои миллии Қирғизистон, Сингапур ва Мянмар бозӣ кунанд.