ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Анналена Бербок, вазири умури хориҷаи Олмон зимни нишасти матбуотӣ пас аз нишасти вазирони умури хориҷаи G7 гуфт, имрӯзҳо паёмадҳои фалокатбори ғизоӣ, ки бар асари вазъи Украина ба вуҷуд омадааст, эҳсос мешавад.
"Гап дар бораи пешгирии фалокат аз сар задани гуруснагӣ дар тӯли чанд моҳ нест. Мо имрӯз ин таъсирашро аллакай эҳсос мекунем. мо имрӯзҳо барои таъмини ҳама мардумон мушкилоти зиёде дорем. Ҳамин ҳоло бояд ба чашм гуруснагӣ нигоҳ кунем”, - гуфт хонум Бербок.
Вай афзуд, беҳтарин роҳи ҳалли мушкилот ба эътидол овардани вазъ дар Украина аст, ки ба назари ӯ, вазъро метавонад дар бозори ғалла ва қимати маводи ғизоиро ба эътидол биёрад.
"Аммо шумо ҳоло ба он эътимод карда наметавонед", - гуфт Бербок.
Илова бар ин, вазир иддао дорад, ки Русия бар зидди ҷаҳон "ҷанги ғалла"-ӣ эълон кардааст.
"Ман ва ҳамаи мо махсусан аз амнияти озуқаворӣ нигарон ҳастем, ин як мавзӯи муҳим дар ин нишасти G7 буд. Ба далели амалҳои Русия, таъминот коҳиш меёбад, нархҳо на танҳо дар ин ҷо, балки дар тамоми ҷаҳон боло хоҳанд рафт. Таҳдиди гуруснагии шадид аст”, - гуфт роҳбари дипломатияи Аврупо.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия аз паёмадҳои манфии маҳдудиятҳо зидди кишварашро таъкид карда буд. Вай гуфт ин раванд метавонад ба бӯҳрони пурраи байналмилалии ғизо ва эҳтимоли гуруснагӣ дар кишварҳои алоҳида расонад.
Вазири ғизо ва кишоварзии Олмон Ҷем Оздемир ахиран Русияро дар "дузд"-ии ғалла дар шарқи Украина муттаҳам кард.
Дар навбати худ Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия чунин изҳоротро сохта хонд. Ҳамчунин, собиқ вакили Верховная Радаи Украина Иля Кива гуфт, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский дастур додааст захираи давлатии ғаллаи Украина ба Полша бурда шавад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ бар ин назар аст, ки Вашингтон ба пирӯзии Киев бовар надорад, балки нигарони он аст, ки чӣ гуна аз онҷо ҳарчи зудтар ғалларо берун биёранд ва дар саросари Украина "гуруснагӣ” оғоз шавад.