ДУШАНБЕ, 13 май – Sputnik. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии шаҳрдори Хуҷанд, ки худи ӯ ҳам волидони сарбозонро тайи ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, сафари онҳо имрӯз оғоз шуда, як ҳафта тул хоҳад кашид. Дар ин муддат волидон фарзандони худро дар қисмҳои низомии ҷануби кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Фархор, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҳисор, Хоруғ, Ишкошим аёдат хоҳанд кард.
“Дар ин сафар волидон танҳо нестанд, балки онҳоро намояндагони ҳукумат таҳти роҳбарии Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ мекунанд. Харҷи сафари волидон пурра аз ҳисоби шарҳдорӣ аст”, – афзуд Юсуфзод.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ин ҳайати беш аз бистнафарии волидон намояндагони фарҳангу ҳунар низ ворид карда шудаанд. Ҳамаи онҳо якҷо, тавассути микроавтобус имрӯз ба сафар баромадаанд.
Шарҳдории Хуҷанд ҳадафи ба роҳ мондани ин корро фароҳамсозии дидори волидон бо фарзандони сарбозашон гуфтааст, ки дар сафи артиш дар навоҳии ҷанубии кишвар дар хидмати ҳарбӣ қарор доранд.