Вазорати дифои Русия видеои амалиёти чархболҳои иктишофӣ ва ҳамлагари "Ка-52" маъруф ба "Аллигатор" дар Украинаро нашр кардааст.
Бар асоси ин видео, халабон бо истифода аз маълумоти пешакӣ гирифташуда мушакҳои идоранашавандаро партоб мекунад, ки ба такягоҳи душман зарба мезананд.
Дар пайи ин бо анҷоми гардиши моҳирона чархбол домҳои ҳароратӣ мепартояд, то аз зарбаи рақиб эмин монад.
Таъкид гардид, майдони ҳавоие, ки чархболҳои Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ аз он ҷо парвоз мекунанд, бетанаффус фаъолият мекунанд. Дар ҳоле ки бархе аз халабонҳо баъди анҷоми вазифаи гузошташуда ба мақарри худ бармегарданд, бархеи дигар барои парвоз омодагӣ мебинанд.
Вазорати дифоъ мегӯяд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд.
Илова бар ин чархболҳо қатори мошинҳои низомиро ҳамроҳӣ карда, ба мошинҳои зиреҳпӯш, инфрасохтори зарбӣ, нерӯ ва амволи низомии рақиб зарба мезананд. Пуштибонии нерӯҳои заминӣ аз вазифаҳои дигари ин чархболҳо дар амалиёти низомӣ арзёбӣ гардидааст.
Зикр мешавад, ки парвозҳо дар баландии камтар аз замин анҷом дода мешаванд ва ҳар бори мушоҳидаи партоби мушкии рақиб чархболҳо амалиёти ҷавобӣ анҷом медиҳанд, то эмин бимонанд.
Халабонҳо мегӯянд, ба далели ҳаҷми хурд ва қобилияти хуби ҳаракати ҳартарафа мушоҳида кардани "Ка-52" аз замин нисбатан мушкилтар мебошад. Таъкид гардид, ки ҳар бор масири парвозҳо иваз карда мешаванд, то рақиб камин нагирад.