Лавров дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё сухан гуфт

Мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳоеро баррасӣ мекунанд, ки шарикӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба ин кишвар хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Тоҷикистон манфиатҳои ошкори ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро интизор аст.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.

"Дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як намояндаи вижаи Тоҷикистон муддати тӯлонӣ вуҷуд дорад, ки барои ҳалли ин масъала таъин шуда буд, то бартариҳои ошкореро, ки ҳамкорӣ ва илова бар ин узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё меорад, бубинад", - гуфт Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, дар Ӯзбекистон ду соли ахир бо қарори раисҷумҳур ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҳамин гуна корҳо анҷом мешаванд.
"Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё робита барқарор мекунад", - афзуд вазири корҳои хориҷии Русия.
Тоҷикистон ба ИИАО ворид мешавад? МТС гуфт, хулосаҳояшро ба ҳукумат пешниҳод кардааст
Вай тавзеҳ дод, ки бо мувофиқаи раҳбарони Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев гурӯҳи кории дуҷонибаи таъсис дода шудааст, ки ҷанбаҳои амалиро баррасӣ намуда, ба Тошканд оид ба масъалаҳои наздикшавӣ бо ИИАО машварат медиҳад.
Ба гуфтаи Лавров, пешрафт дар ин масъала хеле ҷиддӣ аст.
Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодӣ аст, ки соли 2015 таъсис ёфтааст. Он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистонро шомил аст. Молдова, Ӯзбакистон ва Куба мақоми нозирро доранд.