Ҳақназарова Қаҳрамонии ҷаҳонии боксро бо пирӯзӣ оғоз кард

Дувумин намояндаи Тоҷикистон Қаҳрамонии бокси ҷаҳонро бо пирӯзӣ оғоз кард. Ҳар ду муштзан дар набардҳо ягон шонси пирӯзӣ ба ҳарифонро надоданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Руҳафзо Ҳақназарова, муштзани тоҷик Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувонро бо пирӯзӣ оғоз кард.
Ӯ дар аввалин рақобаташ дар ин мусобиқа муштзани боливиягӣ Айда Санталларо бо натиҷаи 5:0 мағлуб кард.
Тибқи иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, рақобати Ҳақназарова панҷ давр давом карда, ӯ имконе барои пирӯзии ҳарифаш надод ва бо қарори якдилонаи доварон пирӯз дониста шуд.
Гуфта мешавад, Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 50 кило баромад карда, ҳарифаш дар даври дуюм варзишгари Колумбия Ингрит Лорена Викториа мебошад. Муштзании онҳо 15 май сурат мегирад.
Пирӯзии аввали Шоира Зулқарнаева дар Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс
Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл Шоира Зулқарнаева, намояндаи дигари кишвар низ ҳарифашро шикаст дода, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар ин марҳила ӯ бо Ҳадунг Ҷионг аз Корея вориди сабқат мешавад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чаҳор нафар намояндагӣ мекунанд, ки то кунун Сумая Қосимова дар даври аввал аз Севда Асенова, намояндаи Булғористон ва Миҷгона Самадова дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки тими кишвар дар ин мусобиқаи бонуфуз зери роҳбарии сармураббӣ Мирзо Шамсиев ширкат мекунад.