Вазирони хориҷаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон дар Душанбе дидору гуфтугӯ мекунанд

Гуфтугӯи сеҷониба баррасии муқаррароти тайи шаш моҳи ахир аз ҷониби президентҳои кишварҳо ба имзо расидаро дарбар мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии Русия, Озарбойҷон ва Арманистон Сергей Лавров, Ҷайҳун Байрамов ва Арарат Мирзоян дар ҳошияи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Душанбе мулоқот хоҳанд кард. Дар ин бора Лавров дар суҳбат бо Байрамов хабар дод.

"Имрӯз дар ин ҷо мо имкони хубе дорем, ки бо ҳамтои армании худ як мулоқоти сеҷониба баргузор кунем ва бубинем, ки се изҳороти сеҷонибаи дар яку ним соли ахир аз ҷониби президентҳои мо қабулшуда чӣ гуна иҷро мешаванд", - гуфт ӯ.

Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид кард, ки мулоқоти Русияву Озарбойҷон дар ҳоле ҷараён дорад, ки равобити ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкориҳои иттифоқӣ расидааст.
"Ҳар як имкони баррасии вазъ, ки барои иҷрои вазифаҳои мушаххасе, ки президентҳо гузоштаанд, хеле ва хеле арзишманд аст", - гуфт дипломат.
Лавров ҳамчунин афзуд, ки дар соли 2022 Русия ва Озарбойҷон 30-солагии равобити дипломатияшонро ҷашн мегиранд. Ба ин сана як қатор чорабиниҳои рангин ва маҷмуи хотиравии хуҷҷатҳои муштарак тайёр карда мешаванд. Илова бар ин вазири хориҷаи Русия ба ҳамкориҳои иқтисодии Маскав ва Боку ишора кард.
Муҳриддин бо Лебедев мулоқот кард
"Ду ҳафта пеш дар Боку як ҷаласа баргузор шуд, ки ба назари мо, барои ҳаракат дар самти тамоми тасмимҳои раҳбаронамон хеле ва хеле муфид буд. Умедворем, ки дар нимаи дуюми сол мо метавонем, ки боз як форуми байниминтақаӣ ташкил кунем", — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 12 май барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии ИДМ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш дипломатҳо тасмим доранд, дурнамои рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби иттиҳодро баррасӣ кунанд, ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои башардӯстона ва илмӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. Вазъ дар Украина низ яке аз мавзуъҳои гуфтугӯ хоҳад шуд.
Лавров вориди Душанбе шуд
Ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ чун анъана дар як сол ду бор баргузор мешаванд. Ҷаласаи навбатӣ дар моҳи октябр дар Нурсултон баргузор мешавад.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) мақоми асосии иҷроияи ИДМ мебошад.
Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо, аз ҷумла фаъолияти онҳоро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад.