ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Шоира Зулқайнарова, муштзани маъруфи кишвар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувонро бо пирӯзӣ оғоз кард.
Ӯ дар аввалин рақобаташ дар ин мусобиқа муштзани кувейтӣ Алмутари Ноураро бо натиҷаи 5:0 мағлуб кард.
Тибқи иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, рақобати Зулқарнаева панҷ давр давом кард, аммо ӯ бо қарори якдилонаи доварон пирӯзиро ба даст овард.
Гуфта мешавад, Шоира Зулқайнарова дар вазни 63 кило баромад карда, ҳарифонаш дар даври дуюм Ҳадунг Ҷионг аз Корея мебошад. Муштзании онҳо 15 май сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Истанбули Туркия 9-уми май шуруъ гардид ва то 21 май идома меёбад. Дар чемпионат 310 варзишгар аз 73 давлат иштирок доранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа чаҳор нафар намояндагӣ мекунанд, ки то кунун Сумая Қосимова дар даври аввал аз Севда Асенова, намояндаи Булғористон ва Миҷгона Самадова дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайпей) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.
Намояндаи дигари кишвар Руҳафзо Ҳақназарова бошад, дар вазни 50 кило имрӯз – 12 май бо ҳарифи боливиягиаш Айда Санталла вориди муштзанӣ мешавад.