ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Марио Драги, нахуствазири Итолиё гуфт, Олмон аллакай маблағи интиқоли гази Русияро бо рубл пардохт кардааст.
Як рӯз пеш расонаҳои ғарбӣ дар бораи омода будани VNG-и Олмон ба амал кардан аз рӯи тарҳи пешниҳодкардаи Маскав навиштанд. Тавре зикр гардид, ширкат аллакай дар "Газпромбонк" суратҳисоб кушодааст.
"Ҳеҷ кас нагуфтааст, ки пардохти рубл таҳримҳоро вайрон мекунад ё на, ин як минтақаи ҳоил аст. Бузургтарин воридкунандаи газ, Олмон аллакай бо рубл пардохт кардааст ва аксари воридкунандагон ҳисобҳоро бо рубл боз кардаанд", - гуфт сарвазири Итолиё.
Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки пардохтҳо барои гази Русия идома хоҳанд ёфт. Ба гузориши "Bloomberg", то имрӯз дастикам 10 харидори аврупоӣ дар “Газпромбонк” суратҳисоб боз кардаанд, ки чаҳортои онҳо аллакай бо рубл пардохт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол дар Олмон изҳори нигаронӣ карданд, ки қатъи интиқоли гази Русия боиси аз даст додани садҳо ҳазор ҷойи кор мешавад, менависад N-TV бо такя ба иқтисодшинос Ахим Тругер.
Ёдовар мешавем, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 31 март фармон дар бораи қоидаҳои тиҷорати газ бо кишварҳои ғайридӯстро имзо кард. Чунин давлатҳо бояд барои пардохти пули газ дар бонкҳои Русия ҳисобҳои рубл боз кунанд.
Путин ваъда дод, ки агар Русия пул нагирад, қарордодҳои мавҷудаи газ қатъ карда мешаванд.
Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 40% газро ба Аврупо медиҳад ва бузургтарин содиркунандаи он ба ин минтақа аст.